Савганди наваскарон- нишони садоқат ба Ватан
Хуҷанд, 02.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ҳамасола чун анъана баъд аз се моҳи даъват ва хизмат дар сафи артиши миллӣ, дар ҳамаи қисмҳои низомӣ маросими савганди сарбозони навдаъватшуда баргузор мегардад.
Тавре ки аз маркази матбуоти роҳбари вилоят хабар доданд, чунин як чорабинии қабули савганд аз ҷониби наваскарон дар маркази таълимии қисми ҳарбии 2010-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳар як сарбоз баҳри хизмати содиқона ба халқу Ватани худ қасами ҳарбӣ ёд намуда, таъкид бар он дошт, ки ҳифзи хоки Ватан қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






