Семинарҳои омӯзишии навбатӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ
Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 28 январи соли 2015, дар идомаи иқдомоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ семинарҳои омӯзишии навбатӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қурғонтеппа №26, Вахш №32 ва Ҳисор №7 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва комиссияҳои интихоботии Ҷамоатҳо баргузор гардиданд.
Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ меъёру муқаррароти қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба иштирокчиёни семинарҳо шарҳ дода шуданд. Дар чорабиниҳои мазкур таъкид гардид, ки аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ бояд пайваста малакаи касбии худро такмил дода, тартиби пешбиникардаи қонунгузории интихоботро риоя карда, кори комиссияҳои поёниро бо низом ба роҳ монанд, фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, пеш аз ҳама ба муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон равона карда шавад.
Дар раванди омодагиҳо ба интихобот бояд барои ташкил намудани вохӯриҳои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо бо интихобкунандагон тамоми тадбирҳо андешида шаванд.
Масъалаи хеле муҳими ҷараёни интихобот, яъне тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон аз ҷониби комиссияҳои масъул бояд муташаккилона амалӣ карда шавад.
Ҳамзамон дар муҳлатҳои пешбиникардаи қонун аз ҷониби комиссияҳои участкавӣ хабарнома дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ ба интихобкунандагон саривақт дастрас карда шавад.
Ҳамчунин, дар семинари омӯзишӣ бо мақсади таъмин намудани комиссияҳои интихоботӣ бо маводҳои зарурии интихоботӣ, шумораи хеле зиёди қонунҳои конститутсионӣ, дастурамалҳо, китобчаи Саволу ҷавобҳо, буклету плакатҳо ва дигар маводҳо тақсим карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин семинарҳо дар як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки васеъи аъзоёни комиссияҳои интихоботӣ дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






