Семинари омӯзишӣ барои таблиғгарони ИМД-2015
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (МТМК ва МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 аз 14-ум то 16-уми январи соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ барои таблиғгарони ИМД-2015 баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, мақсад аз баргузор кардани чорабинии мазкур дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва шинос кардани тарафҳои алоқаманд бо ҷанбаҳои гуногуни ИМД буда, пас аз натиҷагирӣ аз ҳисоби номзадҳо тренер-таблиғгарони марказ барои гузаронидани семинарҳои омӯзишии минбаъда интихоб мешаванд.
Тибқи барнома ба иштирокчиёни семинар муовини директор ва сардорони шуъбаҳои марказ оид ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра (презентатсияҳо) пешниҳод менамоянд.
Семинари мазкур дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузаронида шуда, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштирок дар он даъват гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки тибқи нақша даври дуюми семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯзҳои 28-30-юми январ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва даври сеюм — дарсҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби хатмкунандагон ва падару модарони онҳо дар давоми моҳи феврали соли 2015 баргузор хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






