Семинари омӯзишии КМИР
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 26 январи соли 2015 бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шоҳмансур №3 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Шермуҳаммад Шоҳиён гуфт, ки омодагиҳо ба интихоботи дар пешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо тибқи нақшаи тасдиқгардида муташаккилона идома дорад.
Зикр шуд, ки мақсади асосии баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи касбии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро қатъиян дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ амалӣ намуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланд ба итмом расонидани маъракаи муҳими барӯйхатгирии интихобкунандагон, тайёр намудани биноҳо ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои овоздиҳӣ, сари вақт дастрас намудани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ ва паҳн намудани маводи интихоботӣ оид ба тартиби иштирок дар интихобот ва тарзи нави овоздиҳӣ барои интихобкунандагон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, доир ба масъалаҳои гуногуни раванди омодагиҳо ба интихоботи дарпешистода ва фаҳмонидани мазмуну мундариҷаи қонунгузории интихоботӣ ва дастурамалҳои аз ҷониби Комиссияи марказӣ ба тавсиб расида, дар назди ҳозирин узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Ҷамшед Ҷамшедов ва роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказӣ Абдуманон Додозода маърӯзаҳо ба саволҳои сершумори иштирокчиёни семинари омӯзишӣ посухҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар семинари омӯзишӣ бо мақсади таъмин намудани комиссияҳои интихоботӣ бо маводи зарурии интихоботӣ, шумораи хеле зиёди қонунҳои конститутсионӣ, дастурамалҳо, китобчаи саволу ҷавоб, буклету плакатҳо ва дигар мавод тақсим шуданд.
Кори семинари омӯзиширо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҷамъбаст намуда, иттилоъ дод, ки чунин семинарҳо дар ҳамаи минтаъқаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки васеъи аъзои комиссияҳои интихоботӣ баргузор мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






