Семинари омӯзишии тарғибгарон
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Мувофиқи дурнамои чорабиниҳо барои ташкилу роҳандозии имтиҳоноти мутамаркази дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 16 январи соли ҷорӣ семинар — машварати омӯзишии тарғибгарон доир мешавад.
Семинар ба манзури дар сатҳи баланд иҷро шудани кори иттилоотию тавзеҳотии ҳамаи ашхоси манфиатдор рӯи кор оварда, барои ин мақсад тарғибгарони махсус интихоб мегарданд. Намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштирок дар семинар даъват шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюми чунин семинар — машваратҳо аз 28 то 30 январи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилотӣ ташкил мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






