Шӯрообод: ҷинояткорӣ пешгирӣ мешавад
Шӯрообод, 31.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)-Масъалаи нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза ба муқобили он, махсусан пешгирии интиқоли маводи мухаддир дар мадди назари доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромзода. Дар қаламрави ноҳия дар давраи соли 2014-ум аз тарафи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия 73 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 85,5%-ро ташкил дод. Инчунин зикр гардид, ки дар ин муддат аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба миқдори 35 кг афюн, 101,6 кг ҳашиш ва 468,62 кг бангдона мусодира шуд. Зимни муҳофизати хати сарҳади давлатӣ аз тарафи сарбозону афсарони қисми низомии 2931-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давдатии амнияти миллии ҶТ 1,6 кг героин, 409,4 кг бангдона, 39,15 кг афюн, 4 адад яроқи оташфишон бо 5 тирдон мусодира шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






