Шартномаи Ҳукумат бо Иттиҳодияи корфармоёни кишвар
Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 баргузор шуд.
Лоиҳаи созишномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон раиси Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақил Муродалӣ Солеҳ ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Иттиҳодия Азизбек Шарифов имзо гузоштанд.
Тавре ки таъкид шуд, дар шароити бозори озод яке аз воситаҳои таъмини суботи иҷтимоӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ буда, ҳамкории муштараки мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро дар бар мегирад.Тибқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ дар шакли созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ амалӣ мешаванд.
Дар маросими ба имзо расонидани Созишномаи генералӣ аъзои Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, иштирок намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






