Шириниҳои кӯдаконаи бесифати чиноӣ дар «Арбат» ва «Садбарг»
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ соли сипаришуда ду санҷиши муштарак баргузор намуд, ки яке аз он бо мақсади омӯзиши ҳолати савдо ва бетарафмонӣ дар нуқтаҳои савдо буд. Мо ин санҷишҳоро дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Фаровон», Маркази савдои «Садбарг», супермаркетҳои «Пойтахт» ва «Арбат» гузаронидем»,-гуфт сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ Раҷабзода Абдусамад имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Бино ба гуфтаи сардори хадамот омӯзиш дар нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулотҳо собит сохт, ки дар баъзе нуқтаҳои савдо маҳсулоти хӯрокӣ бо маводи ороишӣ, санитарӣ ва гигиенӣ ба таври омехта ба савдо гузошта шудаанд. Дар бархе аз нуқтаҳо сертификати мутобиқати аксарияти маҳсулотҳо пешниҳод нашуданд.
«Инчунин миқдори зиёди намудҳои гуногуни шириниҳои кӯдаконаи истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин бидуни маълумоти зарурӣ дар тамғақоғаз бо забони давлатӣ ва русӣ ошкор гардид. Дар тамғақоғазҳои шириниҳои кӯдаконаи навъҳои гуногун маълумот танҳо бо забони чиноӣ буда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва воридшавии молу маҳсулот вуҷуд надошт. Бинобар ин намудҳои молҳои мазкур чиҳати муайян намудани таркиб ва бехатарӣ ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ирсол шуданд»,-илова намуд Раҷабзода Абдусамад..
Ба гуфтаи мавсуф барои тавзеҳи масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди Хадамоти зиддиинҳисорӣ «Маркази машваратӣ» ба кор оғоз намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






