Шумораи кӯдакистонҳо меафзояд
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- Соли 2014 теъдоди кӯдакистонҳои кишвар баробари 19 адад афзуда, ба 527 адад расид. Соли 2013 ин нишондиҳанда 508 ададро ташкил медод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотии Вазорати маорифи ҶТ, ки 5 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ин бора хабар дода шуд.
Ба гуфтаи вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саид, тайи соли гузашта дар вилояти Хатлон 8 кӯдакистон, вилояти Суғд 9, шаҳри Душанбе 1 ва дар ноҳияи Ҳисор 1 кӯдакистон бунёд шуд.
Шумораи кӯдакони муассисаҳои томактабӣ 80 ҳазору 442 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта баробари 4 ҳазору 72 нафар зиёд аст.
«Баъди роҳандозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012 — 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» теъдоди муҳассилини марказҳои рушду камолоти кӯдак хеле афзуда, ба 1 ҳазору 60 нафар расид. Соли 2013 теъдоди кӯдакони муассисаҳои зикршуда 710 нафарро ташкил дода буд», — гуфт Н.Саид.
Вазири маориф зикр намуд, ки дар бахши таълими томактабӣ бархе санадҳои меъморию ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ шуданд.
«Бори нахуст дар ҷумҳурӣ якҷоя бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилу тарбияи томактабӣ» таҳия гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян мекунад», — афзуд Вазир.
Н.Саид Вай изҳор дошт, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 34 кӯдакистони шахсӣ фаъолият дорад.
«Теъдоди умумии кӯдакистонҳои шахсӣ нисбат ба соли 2013 баробари 11 адад афзуд, ки дар онҳо 2 ҳазору 430 нафар кӯдакон тарбия меёбанд ва таҳсил мекунанд. То имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои томактабии шахсӣ 10 ҳазору 960 нафар кӯдакон тарбия мешаванд», — гуфт вазир.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






