Соҳаи коммуналӣ тақозогари 2 миллиард доллар аст
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).- Дар нишасти хабарии КВД «Хоҷагии манзиливу коммуналӣ», ки имрӯз 8-уми январи соли ҷорӣ баргузор гардид, ҷой доштани мушкилоти зиёд дар соҳа, бахусус дар дастрасии ҳамагон қарор надоштани оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр шуд, ки имрӯз 45% сокинони кишвар бо оби истеъмолӣ таъминанду халос. Сабаби сари вақт аз байн нарафтани ин мушкилот ва таъмин нашудани кулли сокинон бо оби ошомиданӣ- ин набудани маблағи зарурист.
Ба таъкиди сарвари ин ниҳод Алимурод Тағоймуродов, барои пурра таъмин намудани сокинони кишвар бо об ва муҷаҳҳаз гардонидани корхона бо технология 2 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






