Сохтмони кӯпрук дар деҳаи Баҳористон
Кӯлоб, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб сохтмони кӯпрук ва таъмири иншооти маданиву маишӣ бомаром ҷараён дорад. Дар ҳамин замина дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб бо маблағгузории соҳибкор Бекмурод Ганҷалов ба тарики ҳашар сохтмони кӯпруки калони мошингузар ба анҷом расид, ки дар сохтмони он маблағи 25 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Дар деҳаи мазкур беш аз 385 нафар истиқомат менамояд ва барои ба маркази шаҳр рафтан маҷбур буданд масофаи 4 километрро тай намоянд. Дар айни замон бо сохтани пули мазкур имкони равуои сокинон ба маркази шаҳр осонтар гардид.
Ҳамчунин дар деҳаи Гулободи ҷамоати мазкур бо дастгирии соҳибкор Раҳмоналӣ Файзалиев сохтмони айвон барои нигоҳдории хезум ва аз ҳисоби кумитаи маҳала таъмири се синфхонаи филиали мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 17 идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






