Соли 2014 ҳаҷми маҳсулот ба 10,5 млрд сомонӣ баробар гардид
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар соли 2014 ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 10,5 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2013 — ум 5,1 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои саноати истихроҷи ҷумҳурӣ ба маблағи 1,4 млрд сомонӣ дар корхонаҳои саноати коркард ба маблағи 7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2013 мутаносибан 24,8 фоиз ва 1,0 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми арзишии истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об дар давраи ҳисоботӣ 2,1 млрд сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2013- ум 7,1 фоиз зиёд аст.
Дар сохтори соҳаи саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи саноати истихроҷи маъдан 13, 3 фоиз, саноати коркард 66,1 фоиз ва истеҳсол тақсимоти неруи барқ, газ ва об 20,6 фоизро ташкил дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






