Соли 2014 ҳаҷми ММД баробари 45,6 миллиард сомонӣ буд
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 45,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши воқеӣ баробари 6,7 фоиз буд.
Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2013 баробари 0,7 фоиз суст гардид, ки сабаби ин асосан коҳиш ёфтани омили талабот дар иқтисодиёти ҷаҳон ва суръати сусти афзоиши иқтисодиёт дар нимаи дуюми соли гузашта дар кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати ҶТ аз рӯи натиҷаи соли 2014 маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар ҳаҷми қариб 48 миллиард сомонӣ ва баробари 7,6 фоиз афзоиш ёфтани онро дар назар дошт.
Соли 2014 афзоиш дар бахши сохтмон баробари 25,3 фоиз, муомилоти чаканаи мол 6,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноат 5,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 4,5 фоиз ва дар бахши хидматрасонӣ баробари 1 фоиз буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






