Соли 2014 ММД ба 6,7 фоиз баробар шуд

Январь 23, 2015 12:12

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нишон медиҳад, ки дар соли 2014 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 6,7 фоиз ба 45,6 млрд.сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2013 -5,1 млрд. сомонӣ  ё 12,5 фоиз бо ҳисоби номиналӣ зиёд шудааст»,- гуфт муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов имрӯз, 23 январ  зимни нишасти матбуотӣ. 
Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2014 -5,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2013 ба маблағи 31,5 млн. доллари ИМА ё 6,6 фоиз зиёд гардидааст. Ҳиссаи содирот ба 977,4 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи воридот ба 4,3 млрд. доллари ИМА баробар гардидааст. 
«Индекси нархҳои истеъмолӣ, яъне меъёри таваррум, дар соли 2014 -7,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 3,7 банди фоиз зиёд шудааст. Бо болоравии сатҳи таваррум асосан тағйироти нархи молҳои озуқаворӣ 1,0 фоиз таъсир расонид»,- илова намуд муовини вазир.

Январь 23, 2015 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад