Соли 2014 -соли бобарор барои ДТТ

Январь 12, 2015 17:02

 
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Соли сипаришуда барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам барои кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли  хотирмон буд.  Таҷлили ҷашнҳои 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик метавонад чорабиниҳои муҳимро дар сатҳи баланд амалӣ намояд,- гуфт Ҳайдар Одинаев,  ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ имрӯз, 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳоло дар сохтори асосии донишгоҳ 9 факултет, 49 кафедра аз рӯи 60 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр, маълумоти олидор ва магистрҳоро тайёр менамоянд. Дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.
Дар соли гузашта дар донишгоҳ 481 нафар устоди асосӣ ва 131 нафар ҳамкор фаъолият намуд, ки аз онҳо 22 нафар доктори илм ва 151 нафар номзади илм аст.
 

Январь 12, 2015 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд