Соли 2015-соли туризми дохилӣ
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Эҳтимол меравад соли 2015 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ «Соли туризми дохилӣ» эълон гардад. Зарурати чунин унвон гирифтани соли 2015-ро Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси ин ниҳод дар рушди туризми дохилӣ тавассути ошно намудани кӯдакони макотиби таҳсилоти миёна бо таърих ва фарҳанги минтақаҳои туристии кишвар ном бурд. «Мо ҳоло якҷоя бо ширкатҳо ва агентиҳои туристии Тоҷикистон аз рӯйи як силсила нақшачорабиниҳо кор бурда истодаем, то соли 2015-ро соли туризми дохилӣ эълон кунем», — иброз дошт Абдуллозода Аҳтам Рустам имрӯз, 8 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Абдуллозода Аҳтам Рустам инчунин иттилоъ дод, ки бо мақсади рушди соҳаи туризм соли 2015 дар кишвар нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба рушди туризм дар Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт, ки ба он доираи муайяни намояндагон аз давлатҳои хориҷи кишвар даъват хоҳанд шуд. «Ба ин восита мо намояндагони ин кишварҳоро бо манбаъҳои туристии кишварамон ошно месозем»,-илова намуд Абдуллозода Аҳтам.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон зиёда аз 1400 адад ёдгории таърихиву фарҳангии кишвар арзи ҳастӣ намуда, қисмати зиёди онҳо ба кадастри захираҳои туристӣ ворид гардидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






