Соли гузашта 110 намоиши театрӣ зиёд шуд
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар соли 2014 Театри давлати опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дӯстдорони санъати касбӣ операҳои “Ибни Сино” ва “Борбад”- и М. Бафоев, “Дугонаҳо”, ва “Қишлоқи тиллоӣ”- и Д. Дӯстмуҳаммадов, “Бузаки ҷингилапо”- Ф. Одинаев, “Алеко”- и С. Раҳманинов, “Травиата”- и Ҷ. Верди, “Комде ва Мадан”- и М. Шаҳидӣ, “Паятси”- и Р. Леонкавалло, “Сартароши сивилӣ”- и Ҷ. Россини, оратория — балети “Мақоми ишқ”- и Ф. Боҳор, балетҳои “Дон Кихоти”- и Л. Минкус, “Жизел” ва “Корсар”- и А. Адан, “Щелкунчик” ва “Санами Хуфта”- и П. Чайковский, “Чипполино”- и Э. Хачатурян, операи бачагонаи “Фсонаи беша”- и А. Мӯсоев, опереттаи “Кони Пурганҷ”- и Ш. Ашӯров ва кансерти ҳисоботии барандаи Ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Шарофат Усмонова, “Шоми балети Шарқ”, консерти пианинонавози олмонӣ Йойа Вендтро манзур намуд. Яке аз падидаҳои назаррас — сафари ҳунарии ҳайати балет ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо намоишномаҳои “Лайлӣ ва Маҷнун”- и С. Баласанян ва “Мақоми ишқ”- и Ф. Баҳор ба ҳисоб меравад.110 намоиши театриро зиёда аз 46000 нафар тамошо карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






