Суғд: ҳалокати 125 кас дар садамаҳои нақлиётӣ
Хуҷанд, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар роҳҳои мошингарди шимоли кишвар назар ба соли 2013 шумораи садамаи нақлиётии бо фавт анҷомида 2 ҳодиса афзудааст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, гарчанде сатҳи садаманокӣ дар роҳҳои дохили вилоят назар ба соли 2013 ба 18 ҳолат ва дар ин замина, инчунин шумораи шахсони фавтида ва осебдида дар садамаҳо дар навбати худ 16 ва 20 нафар кам шуд, аммо шумораи садамаҳои бо фавт анҷомида 2 адад зиёд шуд.
Ба гуфти манбаъ, соли гузашта шумораи садамаҳои роҳу нақлиётӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои зерин, чун Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Ашт, Спитамен, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров кам шудаанд.
Дар маҷмӯъ мувофиқи таҳлилҳои расмӣ дар давоми 12 моҳи соли 2014 дар роҳҳои мошингарди қаламрави вилоят 358 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 125 кас ҳалок гардида, 367 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






