Суғд: 460 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардид
Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар шимоли кишвар аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд 460 (соли 2013-ум — 427) ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодие, ки хусусияти коррупсионӣ дошт, ошкор шуд, ки аз шумораи умумӣ 83 ададашро ҷинояти вазнин ташкил медиҳад. Ин нукта зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз тарафи роҳбари агентии мазкур дар Суғд Музаффар Аҳмадов зикр гардид.
Ба гуфти манбаъ, дар ин давра бештари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони соҳаи кишоварзӣ 16 ҷиноят (соли 2013-ум — 10) нисбат ба 13 нафар, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — 71 ҷиноят (соли 2013 — 25) нисбат ба 30 нафар, кормандони соҳаи бонкӣ — 63 ҷиноят (соли 2013 — 55) нисбат ба 38 нафар, кормандони соҳаи нақлиёт — 16 ҷиноят (соли 2013 — 7) нисбат ба 15 нафар, кормандони соҳаи тандурустӣ — 30 ҷиноят (соли 2013 — 16) нисбат ба 25 нафар, кумитаи заминсозӣ — 12 ҷиноят (соли 2013 — 7) нисбат ба 12 нафар, кормандони соҳаи маориф — 36 ҷиноят (соли 2013 — 37) нисбат ба 33 нафар дар ҳудуди вилоят содир гардидаанд.
Ғайри ин, аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии раёсат дар водии Зарафшон — 56 (соли 2013-ум — 50) ва кормандони шўъбаи нақлиёт дар вилояти Суғд — 38 (соли 2013-ум — 26) ҷиноят ошкор шуданд.
Ба гуфти М.Аҳмадов, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят дар 246 ташкилот, муассисаву корхонаҳо тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудаанд, ки дар натиҷаи он ба маблағи 50 849 313 (соли 2013-ум — 35,1 миллион) сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардида, маблағи 39 млн 945 ҳазору 640,67 (соли 2013 — 25,1миллион) сомонӣ дар ҳисоби буҷет ва корхонаҳо барқарор шудааст.
Инчунин аз тарафи кормандони раёсат дар давраи мазкур вобаста ба пешгирию ошкоркунии хариду фурўши ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионии алоқаманд бо истифодаи замин — 66 (соли 2013-ум — 26) ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуд.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






