Суғд: Афзоиши ошкоршавии чиноятҳо дар соли 2014
Хуҷанд, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- “Ҳарчанд дар соли 2014 шумораи умумии ҷиноятҳои дар қаламрави вилоят содиршуда нисбат ба соли 2013 — 275 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст (4488), вале шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда назар ба соли 2013 — 309 адад зиёд мебошад”. Ин нуктаи назар зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз тарафи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал — майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таъкид шуд.
Ба иттилои сардори раёсат, инчунин дар давоми соли 2014 дар вилоят 33 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба соли 2013 (44 адад) ин нишондиҳанда 25% кам буда, дар давраи ҳисоботӣ ғайр аз ин 33 ҷинояти одамкушӣ боз 11 ҷинояти одамкушии солҳои пешин содир шуда низ ошкор гардид.
Ҳамзамон дар ин давра 157 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ 351,5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуданд.
Назарзода Шариф Раҳмон илова намуд, ки вобаста ба пешгирии ҷиноятҳои дорои самти террористӣ ва экстремистӣ дар соли 2014 аз тарафи кормандони милитсияи вилоят зимни гузаронидани чорабинихои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти муштарак 8 гурӯҳи муташаккили ҷиноии дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ муайян ва 95 нафар аъзои ин гурӯххо, аз чумла 43 нафар аъзои иттиходи ҷиноии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»; 37 нафар аъзои ҷамоати «Ансоруллох»; 9 нафар аъзои ҷамоати «Ҷундулло»; 5 нафар аъзои ҳизби динӣ-экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир» дастгир шуданд, ки ин имкон дод роҳи содиршавии 9 ҷинояти махсусан хавфноки раванди террористӣ ва экстремистидошта пешгирӣ шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






