Суғд: Бархурдории иштирокчиёни ҶБВ аз кумакпулӣ
Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар мутобиқ ба қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кумакпулӣ бархурдор хоҳанд шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати ҳифзи иҷтимоии вилоят иттилоъ доданд, тибқи қарори роҳбари вилоят, ба муносибати 70 — солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 шурӯъ аз 1 январи соли ҷорӣ хамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида вобаста ба карори ба табъ расида ҳар моҳ баҳри қадршиносиву дастгирии иҷтимоии онҳо ба андозаи 100 сомонӣ аз кумакпулӣ бархурдор хоханд гашт.
Бояд зикр намуд, ки дар айни хол дар вилоят 265 нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 13 нафар ҳамсари бесаробонмонда, 862 нафар шахси дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнатнамудаи бо ордену медал сарфарозгардида, 298 нафар маъюби бартарафкунандаи садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил, 100 нафар маъюби интернатсионалист, 104 нафар маъюби сохти конститутсионӣ, 293 нафар маъюби артиши Шўравӣ зиндагӣ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






