Суғд: дуюмин пирӯзии “Баҳористон”
Қайроққум, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Ҳамасола дар кишвар дар анҷоми сол баҳри муайян намудани бурду бохти ин ё он соҳа ва минҷумла коргоҳу ташкилот озмунҳои “Ғолиби ҷамъбасти сол” гузаронида мешаванд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум иттилоъ доданд, яке аз осоишгоҳҳои маъруфи кишвар бо номи “Баҳористон”, ки воқеъ дар соҳили “Баҳри тоҷик ” аст, соли ҷорӣ бори дувум аст, ки ба чунин ҷоиза мушарраф мегардад.
Тибқи маълумоти манбаъ, ҳамасола дар анҷоми соли сипаригашта аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ба мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд кардани андозсупорандагон ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо, инчунин мусоидат ҷиҳати ба вуҷуд овардани рақобати солим миёни соҳибкорон озмуни «Андозсупорандаи беҳтарини сол» барпо мегардад.
Соли равон низ пас аз анҷоми натиҷаҳои омӯзиши нишондиҳандаҳо, аз ҷониби комиссияи озмуни мазкур ба унвони «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2014» дар қатори 5 субъекти хоҷагидори ҷумҳурӣ ҶДММ Осоишгоҳи «Баҳористон» низ сазовор ҷоизаи аъло гашт, ки ин пирӯзии дувумини ин осоишгоҳ ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






