Суғд: мусодираи 475 ҳазор рубли қалбакии ФР
Хуҷанд, 15.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Кормандони милитсияи вилояти Суғд асъори хориҷии қалбакиро аз муомилот боздошт намуданд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, пулҳои қалбакӣ ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Спитамен ба муомилот баровардани ду нафар шаҳрванд, аз тарафи кормандони фаврии шуъбаи ВКД ноҳияи мазкур ошкор гардида, дар натиҷа аз онон 475 ҳазор пули қалбакии Федератсияи Русия мусодира шуд.
Ба гуфти манбаъ, кормандони милитсияи ноҳияи Спитамен муайян намуданд, ки Аҳрор Ҷумъаеви 17-сола, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи мазкур, муддате чанд дар нуқтаҳои ивази асъор ба иваз намудани пулҳои қалбакии қоғазии 5 ҳазораи рубли Русия машғул будааст. Ҳангоми кӯшиши навбатӣ аз ӯ 92 адад 5 ҳазораи қалбакии асъори хориҷӣ гирифта шуд.
Воҳидҳои пулии мусодирашуда аз рӯи ҳаҷм, шакл, ранг ва дигар хусусият шабеҳи пулҳои ҳаққонӣ буда, онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр шуда, на ҳар кас қалбакӣ будани онро муайян карда метавонад, — илова намуд манбаъ.
Тавре ки чорабиниҳои фаврии иловагӣ муайян намуданд, пулҳои қалбакӣ дар маҷмӯъ 500 ҳазор буда, ба сокини ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен Юлдуз Кариқуловаи 26- сола, тааллуқ доштаанд.
Дар айни ҳол, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 281 КҶ ҶТ оғоз шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






