Суғд: сайди моҳӣ 3,1% афзоиш ёфт
Хуҷанд, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд дар соли 2014 сайди моҳӣ 229 тоннаро ташкил дод. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз бахши моҳипарварии Раёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, дар соли сипаригашта дар миқёси вилоят ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -ум 3,1 фоиз зиёд гашта, дар умум он 4 млн. 581 ҳазор сомониро дар бар гирифт.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли намудҳои моҳӣ, чун: пешонағафси сафед 6%, намуди зағорамоҳӣ 12,9%, амури сафед 3,3%, намуди суфмоҳӣ (судак) 12,7% ва инчунин дигар намудҳои моҳӣ, ба монанди: ҷумҷумамоҳӣ, аспакмоҳӣ ва шамшермоҳӣ 65,1%-ро ташкил намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






