Суғд: таъмиру навсозии 21 иншооти маориф дар соли 2014

Январь 3, 2015 10:16

Хуҷанд, 03.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд дар тӯли соли 2014 дар умум 21 иншооти соҳаи маориф таъмиру навсозӣ гардид.Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, аз шумораи умумии муассисаҳои мазкур шуда, 8 иншоот бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоят, 5 иншоот аз тариқи ҳашар ва 9 иншооти соҳа аз дигар сарчашмаҳо рӯи кор омад. Ба иттилоъ манбаъ, тибқи “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру навсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015”, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд, 14 мактабе, ки қисман синфхонаҳои онҳо дар хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо қарор доштанд, пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо бароварда шуданд. Тибқи барномаи мазкур бинои сохтмонаш нотамоми 6 мактаб пурра ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода шуд.Бояд гуфт, ки дар соли 2014 ба соҳаи маорифи вилоят 522 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардид, ки он назар ба соли 2013 наздик ба 103 млн. сомонӣ зиёд буд. Дар соли 2015 аз буҷети вилоятӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тадрис 595,8 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Январь 3, 2015 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад