Суқути тайёраи Юнон дар Испания
Душанбе,28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Президенти Франсия Франсуа Олланд ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар гуфтааст, ки Юнон аъзои Иттиҳоди Аврупо буд ва ҳамчун аъзои ин ниҳод боқӣ мемонад. Хазинаи Байналмилалии Асъор низ дар бораи аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ кардани Юнон изҳори омодагӣ карда, таъкид намуд, ки бо ҳукумати нави ин кишвар ҳамкориро ба роҳ мемонад. Гуфта мешавад, ки Аврупо то ҳол мунтазири оғози фаъолияти ҳукумати нави Юнон мебошад.
Душанбе,28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Мозамбик аз сабаби боридани боронҳои пай дар пай, обхезии шадид ва омадани сел шумораи қурбониён ба 117 нафар расид. Бояд гуфт, ки офати табиӣ хатҳои интиқоли неруи барқу алоқа, биноҳои истиқоматӣ ва роҳу пулҳои мошингузарро пурра ё қисман хароб намудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2013-ум аз омадани сели шадид дар ин мамлакат зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расида, 250 ҳазор каси дигар зарар дида буд.
Душанбе,28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар шаҳри Албасетеи Испания дар яке аз пойгоҳҳои низомии кишвар тайёраи низомии «F-16», мутаалиқ ба Юнон суқут кард. Дар вақти суқути чархбол сӯхтор ба амал омада, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёд гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар вақти ҳодиса 12 кас ба ҳалокат расида, 14 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Дар ҷои ҳодиса мутахассисони соҳа сабабҳои ба фалокат дучор шудани тайёраро муайян менамоянд.
Душанбе,28.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар яке аз минтақаҳои кӯҳии Сурия дар марзи Лубнону Сурия миёни неруҳои давлатӣ ва як гурӯҳи силоҳбадасти номаълум задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Мувофиқи иттилои расида, дар ҷои ҳодиса 4 нафар аз кормандони қудратии кишвар ва ду нафар аз кормандони силаҳшӯрон ба ҳалокат расидааст. Ва низ чанд тан аз силаҳшӯронро кормандони сохторҳои қудратии кишвар дастгир намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






