Суди олӣ: воридшавии зиёда аз 2000 шикояти мардум
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди олӣ 2 ҳазору 350 арзу шикояти шаҳрвондон ва эътирозҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба соли 2013 561 адад ё худ 19% кам мебошад. Аз миқдори умумии шикоятҳо 2 188 ё худ 93% бо омӯзиши 1089 парванда ҳал гардида, дар айни ҳол 162 шикоят мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз миқдори шикоятҳои ҳал гардида, 957-тои он парвандаи гражданӣ, 386 оилавӣ, 802 ҷиноятӣ ва 43 вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад».- изҳор дошт раиси Суди олии ЧТ Нусратулло Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳамчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бобати ҳар рӯзи шанбе ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, бевосита аз ҷониби раиси Суди олӣ дар 48 ҳолат 498 нафар муроҷиаткунанда таъмин гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






