Тақвияти ҳамкориҳои ДДТТ бо муассисаҳои тиббӣ
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) дар давоми соли 2014 ҷиҳати рушди робитаҳои байналмилалии донишгоҳ қабули ҳайати роҳбарияти Хадамоти Швейтсария оид ба ҳамкориҳои Шӯрои олии тандурустии давлати Қатар, ҳайати намояндагони Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ аз Донишгоҳи Женева, Пажӯҳишгоҳи тибби тропикии Швейтсария, Сафорати Швейтсария ва Хадамоти Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ бо ректори Академияи давлатии тиббии Ижевск профессор Н. С. Стрелков, директори муассисаи илмии тибби лазерии Хадамоти Федералии тиббӣ — биологии Федератсияи Русия А. В. Гейниц ва дигар меҳмонони олимақом ташкил шуд.
Раёсати донишгоҳ барои пурзӯр намудани ҳамкории донишгоҳ ба ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ пайваста саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар давоми 10 соли охир раёсати донишгоҳ бо 82 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз ин миқдор 13 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






