Таҳияи Қарор «Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ»
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- «Дар аввали сол Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳисоботро оид ба миқдори заминҳо ва тақсимоти онҳо ба категорияҳо, намудҳои замину истифодабарандагони он дар доираи ҳар як ноҳия, вилоят ва ҷамъбасти онҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ то 1-уми январи соли 2014 ба охир расонида, ба вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид»,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси кумитаи мазкур Маҳмадтоҳир Зокиров.
Ҳамчунин кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ» баъди такмил ва мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, такроран тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ равон кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






