Таҳияи 187 спектакл дар соли 2014
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз корҳои таъмиру тармими бино ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов асарҳои нав-Иштибоҳ-и А. Қаюм (тарҷумаи А. Абдуҷҷаборов), Баҳори понздаҳум- А. Зак ва И. Кузнестов, Гирдбод — и Н. Табаров, намоишномаҳои Туҳфа аз муҳоҷират ва Меҳмони нохонда- и К. Голдониро ба тамошобинон пешкаш намуданд.
Дар саҳнаи театр соли гузашта Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии Нигоҳи нав сурат гирифт. Театр бо асари Саргузашти се бузича ба як силсила шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт бо спектакли Сарбозони қаторӣ ба шаҳри Ёвон ва Шабе дур аз ватан ба қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари эҷодӣ дошт. Театр бо дастгирии вазорат пурра аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти нав ҷиҳозонида шуд. Дар давоми сол 187 спектакли театрро 37 ҳазору 190 нафар мухлиси санъат тамошо кард








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






