Таҳсили геологҳои тоҷик
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ба манзури тарбияи коршиносон барои таҳлили минералҳо ва арзёбии иқтисодии онҳо дар асоси Ёддошт бо пажӯҳишгоҳи федералии улуми геологӣ ва захираҳои табиии Олмон курсҳои омӯзиши арзёбии иқтисодии ашёи хоми минералиро ташкил намуд. Соли 2014 дар ин курсҳо 10 нафар мутахассисони Сарраёсати геология фаъолият доштанд.
Сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ Мурод Хол Ҷумъазод дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2014, ки имрӯз, 6 январ баргузор гардид, дар ин бора хабар дод.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар асоси Ёддошти байни Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финляндия тибқи лоиҳаи «Рушд ва омӯзиши захираҳои табиӣ ба манзури беҳдошти некӯаҳволии Тоҷикистон» қитъаи геологии Осиёи Марказӣ ва равандҳои геологии он таҳлилу таҳқиқ мешавад. Ғайр аз ин мутахассисони ҷавони Сарраёсати геология дар ҳошияи лоиҳаи мазкур дар Финляндия таҳсил намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси Созишномаи байни хадамоти геологии Вазорати захираҳои маъдани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Сарраёсати геологияи Тоҷикистон барои таҳқиқи геологии минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Чин корҳои судманд анҷом дода шуданд, ки дар ҷараёни онҳо геологҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






