Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, афзун шудани хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои олами муосир онҳоро ба омодасозии босифати кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангию касбии воҳидҳои низомӣ ва кормандон ва дар маҷмӯъ ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуд.
Тавре зикр гардид, Файзалӣ Шарифзода сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Аҳлиддин Маҷидов сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа таъин гардидаанд.
Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд.
Ҳамчунин роҳбарони коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва сардорони як қатор раёсату дигар сохторҳои ин ду вазорат, командирони як зумра қисмҳои ҳарбӣ ва сардори отряди сарҳадии Хоруғи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иваз карда шуданд.
Ҷойи таъкид аст, ки аксари кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъингардида мутахассисони ҷавону корозмуда ва дар айни ҳол хатмкардагони муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






