Талабот ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёд аст
Душанбе, 21.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар соли 2014 ҷиҳати таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, оқилона ва самаранок истифода бурдани маблағҳои мавҷуда корҳои назаррасро анҷом дода истодааст,- гуфт Саидмурод Хайриддинов, директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” имрӯз, 21-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Имрӯз талабот тибқи меъёрҳо ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз рӯи сохтори кишт дар шароити рӯз маблағгузории 704 млн. доллари амрикоӣ ё 3,5 млрд. сомонӣ ниёз дорад ва бояд талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба техника ва таҷҳизот пурра таъмин шавад.
Дар соли ҷорӣ тракторҳои тасмачарх ва байниқатории боғҳо ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ аз хориҷи кишвар дастрас гардида, ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ба тариқи имтиёзнок пешниҳод гардид. Ҷиҳати осон гардонидани дастрасии кишоварзон бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Барои сари вақт ҷамъоварии маблағҳои лизингӣ ситоди доимӣ таъсис дода шуда, мутахассиснои соҳа низ ба он пурра ҷалб шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






