Тамошои 165 спектакл аз ҷониби 40 ҳазор нафар

Январь 17, 2015 10:17

Душанбе,17.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз , 16 — уми январ зимни нишасти матбуотӣ вазири  фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки дар фаъолияти эҷодии Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи А. Лоҳутӣ низ соли равон хеле самаранок буд.
Дар ин давра намоиши тозатаълифи “Аз мост, ки бар мост”- и А. Қодирӣ таҳия гардида, спектаклҳои “Муҳаббат”- и М. Сайфиддинов ва Ш. Сайфиддинов, “Раъду барқ”- и Тсоа Юй, “Буратино ва Гарри Потер”- и И. Правдина, “Ромкунии духтари саркаш”- и В. Шекспид “,Пизишки паррон”- и Ж. Молйер, “Ҳамсафар”- и Р. Қудратов манзури мухлисони санъат гардид.
Дар доираи таҷлили ҷашни 100- солагии композитори маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ таҳияи спектакли “Зиндагинома” аз рӯи асари А. Абдуҷабборов ва коргардон Д. Убайдуллоев бозёфти ҳайати эҷодӣ дар ин давра эътироф гашт ва онро беш аз якуним ҳазор нафар тамошо карданд.
Театр бо намоишномаи “Чархи гардон”- и Нур Табаров ба шаҳри Қурғонтеппа сафари ҳунарӣ анҷом дода, дар маҷмӯъ 165 спектакли театрро зиёда аз 40 000 нафар тамошо карданд.

Январь 17, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд