Тамрини дастаи Афғонистон дар Душанбе
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Федератсияи футболи Афғонистон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҷамъомади таълимиву тамриниашро аз 21-ум то 27-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардонад.
Гуфта мешавад, ки ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби Афғонистон дар Душанбе дар доираи омодагии дастаи миллии Афғонистон ба бозии расмии дӯстона бо тими мунтахаби миллии Покистон, ки 6-уми феврал дар Исломобод барпо мегардад, анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон сар аз соли 2005 ҳамагӣ панҷ бор бо ҳам рақобат кардаанд, ки чортоаш дӯстона ва яктоаш расмӣ буд. Дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд. Дар айни ҳол дар рейтинги ФИФА дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 136-ум ват ими мунтахаби Афғонистон дар ҷойи 142-юм қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






