Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ДМИТ
Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи шахсияти ҳамаҷониба ташаккул ёфта майдони варзишӣ, маҷмааи тандурустию варзишӣ, 3 толори варзишӣ ва синфхонаи варзиширо мавриди истифодаи устодону донишҷӯён қарор додаанд. Вобаста ба ин дар донишкада мунтазам чорабиниҳои варзишӣ ташкил мешаванд. Ин матлабро 22 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев иброз дошт Дар ин замина мувофиқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳри дарёфти «Ҷоми раиси ноҳия» мусобиқа доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони донишкада ҷойи 1-умро ишғол намуд ва сазовори «Ҷоми раиси ноҳия» гардид. Инчунин дар ин давра дастаи баскетболбозони донишкада дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ, ки миёни вазорату корхона ва муассисаҳои шаҳри Душанбе доир шуд, иштирок намуда, соҳиби Ҷоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Инчунин 4 нафар донишҷўёни донишкада дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб гардиданд,-зикр намуд Ашурбой Солиев.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






