Ташхиси маводи доруворӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар айни ҳол 231 дорухона ва се корхона оид ба коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ фаъолият дорад. Ҷиҳати пешгирии фурӯшу истифодаи маводи дорувории пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб соли 2014 дар дорухонаҳои мазкур ва муассисаҳои табобативу профилактикӣ санҷишҳо доир намуда, тибқи санад аз дорухонаҳо дар маҷмӯъ 919 номгӯй маводи дорувориро ба миқдори 66 ҳазору 180 адад, ки маблағи он 91 ҳазору 338 сомониро ташкил медиҳад, аз фурӯш боздошта, сӯзониданд.
Аз тарафи мутахассисони соҳа дар ин давра барои ислоҳи камбудии ҷойдошта ба мудирони 9 дорухона, 21 муассисаи табобатӣ ва 33 дӯкони фурӯши маводи ороишӣ, ҷамъ 63 адад амрнома пешниҳод шуд.
Дар соли 2014 аз 231 дорухона 102-тоаш бо компютер ҷиҳозонида шуда, дар 64-тои он суроғаи электронӣ кушода шуд. Дар самти ташхиси сифати маводи доруворӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ озмоишгоҳи намояндагии хадамот ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ бо дастгоҳу тачҳизоти муосири соҳавӣ таъмин шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






