Ташкили фазои ягона дар савияи миллӣ ва байналмиллалӣ
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-«Омори нархҳо ҳамарӯза ҷамъоварӣ ва таҳлили ҳафтаина гузаронида мешавад. Ҳар ҳафта аз рӯи 23 минтақаи ҷумҳурӣ дар бораи нархҳои миёнаи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ иттилоот пешниҳод мешавад ва барои таъмини дастрасии умум ва шффофияти маълумотҳои оморӣ дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои ахбори омма чоп гардида, дар сомонаи агентӣ бо се забон ҷой дода мешаванд»,-гуфт Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар бахши истеъмолӣ “Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи мақсад” барои ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ таҳия ва тасдиқ шуд. Номгӯи молҳо (хизматрасониҳо)- намояндагиҳо, ки барои ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи нашрияҳои байналмиллалӣ тибқи Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи мақсад истифода мешавад, аз нав баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар савияи миллӣ ва байналмиллалӣ дар назди Агентии омор такмил ва татбиқи Низоми ягонаи синфбандӣ ва рамзгузории маълумотҳо вогузор шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






