Ташкилотҳои сохтмонӣ муҷозот шуданд
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Соли 2014 дар ҷараёни тафтиши иншоотҳои сохтмонии 64 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бархе ташкилотҳои сохтмонӣ барои паст будани сифати сохтмон ба маблағи 643 ҳазору 40 сомонӣ муҷозот шуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилзода дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 14 январ, баргузор гардид, дар ин бора хабар дод.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои фаъолияти сохтмонию меъмории ҷумҳурӣ 342 ҷавознома, аз ҷумла, барои шаҳри Душанбе 148, вилояти Суғд 65, вилояти Хатлон 57, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 56 ва ВМКБ 16 ҷавознома ҷудо карда шуд.
Ғайр аз ин дар давраи ҳисобот барои рӯи кор овардани муоинаи давлатӣ ба кумита 593 лоиҳа пешниҳод гардида, аз ҷумлаи он 552 лоиҳа муоина шуда, 5 лоиҳа аз муоина нагузашта, 22 лоиҳа дар марҳалаи баррасӣ қарор дошта ва 14 лоиҳа лағв шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






