Ташвиқи сулҳ дар Китобхонаи миллӣ

Январь 31, 2015 09:33

Душанбе, 31.01.2015 (АМИТ «Ховар» Ҳотами Шариф).- «Мо толиби сулҳем»- таҳти чунин унвон  як маҳфили бошукӯҳе дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати муштариёни китобхона ва аъзои фаъоли маркази таълимии «Самира» доир гардид. Дар ҷамъомад муовини директори  китобхона Ҳуринисо Ализода бахшида, дар бораи аҳамияти сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмии халқҳо сухан ронд. Сипас аҳли маҳфил филми банаворгирифтаи  коргардони англис  Джерими Гили «Як рӯзи сулҳ»-ро тамошо карданд. 
          Филми мазкур соли 2001 аз ҷониби СММ қадрдонӣ гардида, 21 сентябр рӯзи «Сулҳи ҷаҳонӣ» эълон гашт. Ин рӯз рӯзи якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, хотима гузоштан ба зӯроварӣ ва даст кашидан аз яроқ мебошад. Аъзои маҳфил дар як лаҳза тавассути таҷҳизоти муосир Skype бо коргардони англис мулоқот намуданд. Баъдан ширкаткунандагон  бо узви  ташкилоти  Юнеско, роҳбари маҷмааи байналмилалии «Ҳушман» оғои Муҳаммадрофеъ Содиқӣ аз кишвари Эрон мусоҳиб гардида, роҷеъ ба сулҳу амният мубодилаи афкор намуданд. 
            Воқеан дар ҳамин рӯзҳое, ки дар баъзе манотиқи ҷаҳон оташи ҷангу ҷидол аланга мезанад, боз ҳам муттаҳидтар ва пурзӯр шудани ҳаракати сулҳхоҳони ҷаҳон хеле зарур  аст, зеро фош кардани чеҳраи манфури ҷангҷӯён вазифаи асосии сулҳхоҳон аст.
 
 

Январь 31, 2015 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд