Таъсиси «Фонди беҳдошти замин»
Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Барои амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Аз ҷумла ба иттилои ниҳоди мазкур дар назар ҳаст, ки «Фонди беҳдошти замин» таъсис дода шавад. « Ин фонд дар оянда фақат барои беҳдошти замин ва барқарорсозии он фаъолият менамояд»,-иброз дошт Ҳасанзода Ҳомид, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати кишвар имрӯз, 19 январ зимни нишасти хабарӣ.
Ба гуфтаи мавсуф фонди мазкур инчунин метавонад аз ҳисоби маблағҳое, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ барои заминҳо ҷуброн мешаванд, истифода барад, ки ин 85%-ро ташкил медиҳад. Ҳасанзода Ҳомид иброз дошт, ки фонди мазкур метавонад дар оянда вазъи мелиоративии заминро беҳтар намояд. «Фақат дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ғайриқаноатбахш будани ҳолати мелиоративӣ то 4 000 гектар замин аз ҳисоби баланд будани шӯрнокӣ истифода намешавад»,-илова намуд директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ.
Соли 2014 ҳолати мелиоративии зиёда аз 10 748 гектар замини Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар шудааст. Дар назар аст барои «Фонди беҳдошти замин» инчунин соҳибкорони ватанӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ ҷалб шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






