Таъсиси маҷаллаи ҷадид барои донишҷӯён
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки маҷаллаеро таъсис диҳад, то дар он танҳо осори барҷаста ва гаронарзиши адибони хориҷӣ интишор ёфта, асарҳои нигорандагон бояд аз ҷониби донишҷӯён тарҷума гарданд». Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар такя бар қавли мавсуф, дар таълимгоҳ забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, кореягӣ, англисӣ омӯзонида мешаванд ва муҳассилини ин риштаҳоро мебояд ба тарҷумаи осори мондагору пурҳикмати нависандагону шуарои бурунмарзӣ машғул шаванд. Ҳадаф аз интишори маҷаллаи ҷадид ба кори тарҷумонӣ ҷалб намудани толибилмон мебошад. Ректор изҳори итминон кард, ки бо ин васила ҳатман тарҷумонҳои хуберо метавонем тарбия намоем.
Сарвари донишгоҳ дар посух ба суоли рӯзноманигорон доир ба фаъолият ва нақшаҳои минбаъдаи нашрияи «Омӯзгори ҷавон» зикр намуд, ки банду баст, фарогирии мазмуну муҳтаво ва баррасии мавзӯот дар ин ҷарида ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шудааст. Алъон маъракаи обуна ба нашрия миёни муҳассилини шуъбаи ғоибона ҷараён дорад ва ҳайати эҷодиро зарур аст, ки дар 40 фоизи саҳифаҳои газета мақолотро барои ғоибхонон ба табъ расонад. Раёсати донишгоҳ ба нақша гирифтааст, ки матбааи таълимгоҳро такмил бахшад.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба масоиле, чун ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, вазъи омоданамоии кадрҳои баландихтисос, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва забондонии омӯзгорону толибилмон дахл карда, ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






