Таъсиси “Мактаби пешвоёни ҷавон”
Душанбе, 02.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан, Спитамен, Хуҷанд, Б. Ғафуров ва Исфара аз ҷониби намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи кишвар оид ба омодасозии аъзои “Мактаби пешвоёни ҷавон” семинарҳо доир шуданд.
Дар семинарҳо мавзӯъҳои ватандӯстӣ, хизмати ҳарбӣ, сарварӣ, муошират, ровигӣ, фаъолияти волонтёрӣ ва пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва падидаҳои нангини шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии худкушиву худсўзӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар байни наврасон ва ҷавонон, инчунин бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ дар замири насли ояндасози кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиён иқдоми мазкурро дар шароити имрӯза саривақтӣ шуморида, ҷалби ҷавононро ба донишандӯзию касбомӯзӣ, аз худ намудани ҳунарҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар давраи ҷаҳонишавӣ амри воқеӣ донистанд.
Дар семинарҳо иштирокчиён вобаста ба саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ изҳор доштанд, ки сабаби ин монеа гардидани баъзе волидон аст, ки фарзандонро аз хизмат ба ҳар роҳу усулҳо дур мекунанд. Аз ҷониби бештар аз 180 нафар ҷавони фаъол, ки дар семинарҳо шаркат варзиданд, пешниҳод шуд, то чунин иқдом дар байни ҷавонони деҳот боз ҳам бештар роҳандозӣ шавад.
Дар охир ҷавонон таъсиси “Мактаби пешвоёни ҷавон”-ро иқдоми саривақтӣ шуморида, омодагии худро барои амалигардонии дастуру супоришҳои масъулин дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иброз намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






