Таъсиси Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 дар вилояти Суғд як силсила корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин сол бо ташаббуси раиси вилоят Муассисаи давлатии «Маркази илмии ба номи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шуд, ки ин иқдом боиси қаноатмандии шоирону адибон ва аҳли фарҳанги вилоят гардид. Дар охири моҳи декабри соли 2014 Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» нахустконфронси илмиро таҳти унвони «Камоли Хуҷандӣ ва рушди адабу фарҳанги миллӣ» баргузор намуд. Ҳадаф аз таъсиси марказ омӯзиш ва ҷамъоварии осори Камоли Хуҷандӣ буд.
Алҳол як нусха аз девони хаттии Камоли Хуҷандӣ, ки дар китобхонаи остони Қудси Разавӣ таҳти шумораи 527 нигаҳдорӣ мешавад, дастрас гардидааст. Масъулини муассиса бо роҳбарии профессор Фахриддин Насриддинов барои овардани шаш нусхаи дигар, ки дар китобхонаҳои кишвари Эрон маҳфуз аст, талош доранд. Дар самти ҷамъоварии нусхаҳои хаттии девони Камоли Хуҷандӣ бо раёсати китобхонаи Маҷлиси Шӯрои исломии Теҳрон гуфтугузор сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки ҳафтаи оянда аз ҷониби намояндагони Теҳрон нусхаи 2 адад дастхати Камоли Хуҷандӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дастрас мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






