Татбиқи лоиҳаҳо дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки барои дастгирии соҳа дар назди агентӣ марказҳои идораи лоиҳаҳои “Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар (марҳилаи 2 ва 3)”, “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ”, “Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба таъғирёбии иқлим”, ба маблағи умумии зиёда аз 143,8 млн доллари амрикоӣ тадбиқ шуда истодааст. Азхудкунии маблағҳо аз аввали тадбиқи лоиҳаҳо зиёда аз 81,7 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи маъюбон, алалхусус мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритӯс, ки агентӣ сарпарастии онро ба зимма дорад, ба маблағи 77,3 ҳазор сомонӣ кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






