Татбиқи лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Чанде пеш ба муносибати оғози Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идораи молияи давлатии Europe Aid /134384/DH/SER/TJ» мушовирони лоиҳа ва намояндагони консорсиуми LouisBerger дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо роҳбарияти донишкада вохӯрданд.
Тавре ки сухангӯи донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, гурӯҳи корӣ аз синфхонаҳо, маркази тестӣ, толорҳои лексиониву варзишии таҷдидшуда ва ҳуҷраҳои кории худ дидан карда, ба сифат ва тарҳи онҳо баҳои баланд доданд. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии татбиқи ислоҳоти низоми идораи молияи давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ба лоиҳа гурӯҳи коршиносони варзидаи байналмилалӣ аз ИМА, Аврупо ва ИДМ дар соҳаи макроиқтисод, ояндабинӣ ва сиёсати андозу буҷетӣ, ғайримарказонидани фискалӣ, ҳамчунин таҳкими муассисаи таълимӣ ҷалб шудаанд.
Лоиҳа дар муддати се сол татбиқ мегардад ва дар ин муддат коршиносони лоиҳа дар ДМИТ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамкорони тоҷики худ баҳри дастгирии ислоҳоти татбиқи молияи давлатӣ ва рушди минбаъдаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






