Тавсияи тухмиҳои навъҳои баланд

Январь 17, 2015 10:12

Душанбе, 17.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Академия оид ба роҳҳои самарабахши истеҳсоли тухмии картошкаи навъи баланд дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба истеҳсолот тавсия дода шуд. Бо ин мақсад озмоишгоҳи биотехнология оид ба истеҳсоли минилӯндаҳои элитавӣ сохта шуд.
Барои васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли тухмии навъи баланд технологияи парвариши микролӯндаҳои картошка аз буғумакҳои ниҳолҳои картошка дар шароити хоҷагӣ ба роҳ монда шуд. Ин имконият медиҳад, ки аз ниҳолҳои нодаркори картошка дар як гектар зиёда аз 1 млн дона микролӯндаҳои элитавӣ истеҳсол намоем. Самараи иқтисодии ин технология ба як сомонии сарфгардида 15 сомониро ташкил менамояд.

Январь 17, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд