Теъдоди кортҳои пардохт 45,4 фоиз афзуд
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар соли ҳисоботӣ теъдоди умумии кортҳои пардохти сохти бонкҳои кишвар 1 миллиону 107 ҳазору 100 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 баробари 45,4 фоиз зиёд аст. Шумораи соҳибони кортҳои пардохт 1 миллиону 70 ҳазору 700 нафарро ташкил дода, баробари 43,6 фоиз афзуд. 20 январ дар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон рақамҳои зикршуда мисол оварда шуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, дар ҳамин давра фаъолияти муттасили низоми пардохтии «КОРТИ МИЛЛӢ» таъмин гардида, шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 16 воҳид расид. Созмонҳои қарздиҳандаи иштирокдорони низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» 657 ҳазору 599 адад корти миллӣ бароварданд, ки нисбат ба соли 2013 барогбари 106 фоиз зиёд аст.
Ҳамзамон, мувофиқи маълумоти фаврӣ, соли 2014 теъдоди банкомату терминалҳои электронӣ таносубан 704 ва 1 ҳазору 576 ададро ташкил дода, шумораи банкоматҳо нисбат ба соли 2013 баробари 156 ва терминалҳои электронӣ баробари 494 адад афзуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






