Техникаи махсус барои корхонаҳои коммуналӣ
Душанбе, 10.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 тавассути Маркази идораи лоиҳаи “Рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 21 адад техникаи махсуси коммуналӣ барои корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” харид шудааст, аз ҷумла барои: КДФ хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Фархор 4 адад, КДФ обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Фархор 3 адад, КДФ хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Восеъ 3 адад ва КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 11 адад, барои ташкил кардани базаи техникӣ барои дар оянда сари вақт бартараф намудани садамаҳо ва пешгирии офатҳои табиии эҳтимолӣ.
Тавре ки дар ҳисоботи яксолаи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” иттлоъ дода шуд, дар доираи лоиҳаи барқарорсозии низоми обтаъминкунии шаҳрҳои шимолу маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 адад техникаи махсуси коммуналӣ харид шуда, ба корхонаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Чкалов 6 адад, Қайроқум — 4, Конибодои — 4, Истиқлол -4, Б.Ғафуров -5, Хоруғ -3, Ҳисор -3, Хоруғ -3, Шаҳринав -3, Рӯдакӣ -2 адад ва Турсунзода -3 адад дастрас гардид. Дар вилояти Суғд 3 адад техника аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, барои эҳтиёҷоти корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳрҳои Истиқлол 1 адад, Қайроққум 2 адад ва аз ҳисоби маблағҳои худи корхонаҳои шаҳри Исфара 1 адад, ноҳияи Спитамен 1 адад харид шудааст.
Дар вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 5 адад техника, аз ҷумла барои корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияҳои Ҳамадонӣ 1 адад, Шаҳритус 1 адад, Данғара 3 адад харид шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






