Технологияҳои инноватсионӣ оид ба коркарди хок
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои минтақа ва ноҳияҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нақшаи ҷойгиркунии зироатҳои кишоварзиро тарҳрезӣ ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод кардааст.
Дар натиҷаи тадқиқот 10 технологияи инноватсионӣ, оид ба коркарди сифрии хок бо кишти зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои лалмӣ ва дар кишти такрорӣ; ташкил ва парвариши зинабоғҳои себу зардолу бо истифодаи ниҳолҳои кадпаст дар заминҳои наздиҳавлигӣ;- парвариши генеративии картошка аз тухмакҳои ботаникӣ;- истеҳсоли микролӯндаҳои картошкаи солим дар шароити хоҷагӣ; парвариши тагпайвандҳои ниҳолҳои қадпаст бо истифодаи каламчаи реша ва истеҳсоли чор намуди ваксинаю доруҳои биокимиёвӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ тарҳрезӣ шуд. Самараи иқтисодии технологияҳо ба як сомонии сафаргардида 6-7 сомониро ташкил менамояд. Навигарии тадқиқоти илмӣ бо 15 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ тасдиқ шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






